Табрикотии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат дар Рӯзи маъюбон.

 480 боздид
     Ҳамдиёрони азиз!
    Бо мақсади таъмини ҳимояи иҷтиомии маъюбон ва беҳтар намудани шароити зисти онҳо соли 1982 Ассамблеяи Генералии СММ барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбати маъюбонро қабул намуд.
Тоҷикистон чун дигар давлатҳои ҷаҳони мутамаддин барои таъмини ҳимояи иҷтимоии маъюбону пиронсолон тамоми тадбирҳоро меандешад. Сиёсати давлатӣ барои ҳаматарафа фароҳам овардани имкониятҳои баробар ба маъюбон ва пиронсолон, беҳтар намудани нигаҳдории тандурустӣ, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият равона шудааст.
        Оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия таъсис дода шудааст. Бо мақсади амалисозии Барномаи мазкур, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалисозии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар давраи то соли 2024 тасдиқ гардида, дар доираи он кобарӣ карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ дастгирии маъюбон ва зоҳир кардани ғамхорию меҳрубониҳоро барои ниёзмандон дар мадди аввал гузошта, пайваста кӯмакрасони онҳо ҳастанд.
Дар ноҳия дар самти татбиқи ин сиёсат бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои солимгардонӣ, фароғату истироҳати маъюбон ва дастгирии моддию маънавии онҳо пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд.
     Имрӯз ташкилоти ҷамъиятии маъбони ноҳия ва Маркази хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба эҳтиёҷмандон ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои аъзоёни худ, фаъолонро сарҷамъ намуда, ба меҳнати созанда даъват ва муттаҳид гардонидааст, ки боиси қаноатмандӣ мебошад.
       Қобили зикр аст, ки алҳол дар ноҳия 2696 нафар маъюбон зиндагӣ дошта, онҳо тибқи қонунгузорӣ бо кӯмакпулӣ таъмин мебошанд.
       Дар рӯзҳои идҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо аёдати оилаҳои шахсони маъюбу барҷомонда аз ҷониби корхонаву ташкилот ва шахсони хайрхоҳ ҳамеша дар мадди аввал аст.
      Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри иҷро ва амалӣ намудани самтҳои асосии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон масъулон аз сохторҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста карда, оид ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ корбарӣ намуда, вобаста ба дастгирии бемамонияти маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Ба ҳар яки Шумо сиҳатмандиву солимии бардавом таммано намуда, тинҷиву осоиштагии Ватани азизамонро таманно мекунам.
     Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.