Табрикотии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 218 боздид
Ҷавонони хушбахт ва сарбаланд!
Шумоёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, ба тамоми ҷавонон бобати амалӣ намудани ниятҳои неку созанда, дастовардҳои беназир ва комёбиҳои шоиста таманно менамоям.
Дар ҳама давру замон ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа буда, дар пойдориву устувории шохаҳои давлат нақши муҳим доранд.
Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониву мулоқоти хеш оид ба мавқею мақом ва рисолати ҷавонон дар ҳаёти давлату ҷамъият ёдовар мегарданд.
Доимо ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват менамоянд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки ҷавонони мо ҷавонони замони истиқлол мебошанд.
Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.
Хушбахтона саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан, соҳаҳои хизмати давлатӣ, алоқаву бонкҳо, соҳибкориву тиҷоратӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангиву варзишӣ хеле назаррас буда, шоистаи таҳсину офаринҳо мебошанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқи барномаҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ равона карда шудааст.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони бонангу номуси мо баҳри ҳифзи марзу бум ва модару ватани худ доимо тайёр ҳастанд.
Шумо ҷавонон ояндаи давлату миллатед, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти Шумост.
Инчунин ободиву сарсабзии давлату миллат низ ба Шумо вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, Шумо ташаббускору пешқадам, зираку шуҷоъ бошед!
Тавассути донишу хираду қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори Ватани худ бошед!
Ҷавонони саодатманд боварии комил дорам, ки баҳри ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза мебаред.
Аз таъриху давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзед.
Амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоред.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.