ТАБРИКОТИ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб.

 293 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

 Муҳтарам, кормандони соҳаи тандурустӣ!

 Собиқадорони соҳа!

 Иди касбии табибон, ҳомиёни саломатии инсон — Рӯзи кормандони тибро ба ҳамаи Шумо табрику таҳният мегӯям, бароятон саломатии бардавом, барори кору саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд гардида, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва кадрҳои ботаҷриба сол ба сол беҳтар мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои к=маки аввалияи тиббию санитарӣ дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи “Миллати солим” ва беш аз 15 адад стратегияву барномаҳои миллӣ бомаром идома доранд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мавқею мақоми шоиста дошта, аҷдодони донишманд давоми  асрҳо дар ғанӣ гардонидани тибби ҷаҳонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки асарҳои безаволи донишмандони тоҷик ба монанди Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар дар қатори осори  олами тибби ҷаҳон мавқеъ гирифтаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия 1629 нафар кормандон фаъолият менамоянд, аз иньо 193 нафар табибон, 961 нафар кормандони миёнаи тиб ва 393  нафар кормандони хурди тиб буда, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар байни табибони ҳозиқи ноҳия  2 нафар дорандагони медали “Шафқат”, 22 нафар дорандагони нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти пурсамар доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии соҳаи тибро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, қисми асосии буҷети ноҳияро маҳз, барои дастгирӣ ва рушди ин соҳа равона кардааст.

Агар дар соли 2020 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандуpустӣ  19 миллиону 832 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2024 32 миллиону 991 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2020–1,7 маротиба  зиёд мебошад.  Дар нимсолаи аввали соли равон бошад, аз буҷети ноҳия ба соҳаи тандурустӣ  14 миллиону 755 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2 миллиону 227 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия дар соҳаи тандурустӣ дар назар аст, ба ин муносибат аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 5 адад иншоот ба анҷом расонида мешавад.

Баҳри бунёд ва обод кардани муассисаҳои табобатӣ корҳо вусъат ёфта, то имрӯз зиёда аз 3  адад иншоотҳо дар соли 2024 сохта ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар шуъбаи ҷаррохии №2 деҳаи Дӯстӣ барои гузаронидани ҷарроҳии мураккаб таҷҳизоти наву замонавӣ харидорӣ карда шуда, зиёда аз 150 нафар беморон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

То ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи соҳибкори ватанӣ  Мелибоев Кишоварз ҷуҳраи компютери томографӣ ифтитоӣ карда шуда, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дил мусоидат менамояд.

Воқеан ҳам дастгирӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон як самти муҳими фаъолияти масъулини соҳа аст. Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ин самт кор дар соҳаи тандурустии ноҳия беҳбудӣ металабад.

Айни замон дар муассисаьои таълимии олии кишвар аз ноҳия  212 нафар донишҷӯён таҳсил карда истоданд.

Бинобар ин, роҳбарияти хадамоти бистарӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияро зарур аст, ки дар масъалаи дастгирии мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Муҳтарам кормандони соҳаи тиб!

Ҳар яки Шумо бояд шарафи касбии худро ҳифз намуда, ба савганди худ содиы буда, бо фаъолияти софдилонаи хеш барои солимии миллат, ҳифзи саломатии мардум ва рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ  аз таҷрибаи бойи собиқадорони соҳа ибрат гирифта, саьмгузор бошед.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар, табибон, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва 100 солагии Истамыул Ьасанов табрику таҳният гуфта, сиҳатии комил ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак! Табибони ҳозиқ!

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.