Тағироти кадрӣ дар ҷамоати Ашт

 1 269 боздид

Имрӯз, дар ҷамоати деҳоти Ашт бо иштироки роҳбарияти ноҳиятағироти кадрӣ ба амал омад.

Қурбонов Абдурашид, ки то ин дам дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ашт фаъолият дошт, бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ашт озод ва ба ҷои ӯ Раҳматҷонзода Шавкат иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Ашт таъин гардид.

Раҳматҷонзода Шавкат соли 1962 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Мавсуф аз соли 2014 инҷониб дар вазифаи раиси коперативи истеҳсолии Хоҷагии деҳқонии Каленин фаъолият дошт.

Роҳбарияти ноҳия ба кадри навтаъин дар вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ таманно намуда, аз ӯ талаб кард, ки содиқона ва поквиҷдонона адои вазифа намояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.