Мактаб — боргоҳи илму маърифат, дар он низоми одобу интизом устувор ва тавассути заҳматҳои ҳамешагии омӯзгорон толибилмону шогирдон бо дониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва садоқат ба давлату миллат камол меёбанд.
Хурсандиовар аст, ки ба таъсисёбии яке муассисаҳои таълимии ноҳия — муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №7, ба номи С.Айнӣ 100 сол пур гардид.
Ба ифтихори арзанда истиқбол намудани 100-умин солгарди ин муассисаи таълимӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Таълимгоҳ ба як муҳити идона ва ободу зебо табдил дода шуда, саҳни он бо шиору овезаҳо ва парчамҳои давлатӣ оро дода шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти ноҳия бо масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои қудратӣ, масъулон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Понғоз, ташкилоту муассисаҳо, маорифчиён ва собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия, коллективи омӯзгорони МТМУ №7 ва дастпарварони ин муассисаи таълимӣ иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ибтидо бо аҳли ҳамроҳон аз таъриху ёддошти ин муассисаи таълимӣ дар зарфи 100-сол бо намоишу суратлавҳа ва ғайра диданӣ намуданд.
Дар оғози тантанаи расмӣ Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аҳли ҳозирин, меҳмонон ва маорифчиёни ноҳияро бахшида ба муносибати 100-умин солгарди ин муассиса муборакбод ва табрику таҳният намуданд.
Дар ҷараёни шодбошии худ аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми он, дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳои иҷтимоӣ барои омӯзгорон, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таълиму тарбия дар мактабҳо, таъмини онҳо бо лавозимотҳои таълимӣ ва аёниятҳо, таъмиру бунёди муассисаҳои таълимии нави замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва ғайра суханронӣ карданд.
Инчунин, оид ба нуфузу эътибори ин муассиса бо дастпарварони арзандаи худ – олимону ходимони хизматнишондода, собиқ роҳбарони ноҳия ва собиқадорони маъруф дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ҷумҳурӣ, иштироки фаъолонаи дастпарварон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо соҳибияти мақому ҷойҳои ифтихорӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба, ташаббусҳои мардуми маҳал ва соҳибкорони муваффақ дар корҳои ободию созандагии ин муассиса ва ҷамоат, сатҳи саводнокӣ дар байни хонандагон ва ғайраҳо иброз ва изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчун армуғони идона аз номи роҳбарияти ноҳия як адад компютери замонавӣ ба муассисаи таълимӣ тақдим карда шуд ва ҳамзамон фаъолон ва пешқадамон бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷараёни тантанаи таҷлилии 100-умин солгарди муассисаи таълимӣ, собиқадори меҳнат дар соҳаи маориф Халилов Мамадҷон, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон — оинаи таърихи миллат” бо мақоми ифтихорӣ сарфароз гардидааст, дар бобати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳи хоса ба ин соҳаи афзалиятнок, сулҳу ваҳдат, ташкилу баргузориҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илм ва маърифат, иштироки муваффақонаи дастпарварони ин таълимгоҳ дар озмунҳо; Абдураҳмонова Баҳрӣ Валиевна – намояндаи консулгарии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд дар бобати таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мухталиф, созишномаву шартномаҳои байнидавлатӣ ба манфиатҳои тарафайн ва ғайра; директори муассисаи таълимӣ Абдуллозода Гулнора оид ба саҳми беназири Сарвари давлат дар рушду нумуи соҳаи маориф, таваҷҷӯҳу дастгириҳои иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои моддӣ, фаъолияти муваффақона ва дастовардҳои ин боргоҳи таълим дар тӯли 100-сол, дастпарварони арзандаи ин таълимгоҳ ва дар охир ба роҳбарияти ноҳия ва аҳли ҳозирин барои иштирокашон миннатдорӣ карданд. Барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ