Имрӯз, 26 июни соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, 22-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар чорабинӣ бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим ширкат намуданд.
Каримзода Осим Қосим сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 22-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ба самъи иштирокдорон расонид.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, зикр дошт, ки воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлатнаҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
— Чӣ тавре, ки дар хотир дорем, дар он рӯзҳо хатари пароканда шудани миллати тоҷик, пора гардидани он ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар пешорӯи таърихи навини мо қарор гирифта буд. Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида, баъди музокироти тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат бо имзои санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми худ ва сулҳу суботро барқарор кард ва имрӯз аз он айём 22 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳама бисту ду соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Дар охир баҳри болидахотирии иштирокдорон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод гардид.