Субҳи имрӯз, санаи 9 майи соли равон, дар назди майдони Парчами давлатӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо Ҳакимзода Ҳаким Карим, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғоз барои поси хотири иштирокчиёне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ва Ҳакимзода Ҳаким Карим намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, дар назди пайкараи “Модари маҳзун” ва баҳри поси хотири ҷанговарони байналмилал дар Афғонистон низ гулчанбари хотиравӣ гузошт.
Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд, расонид. Дар баромади худ зикр дошт, ки шуҷоату диловарӣ ва истодагарии фарзандони ватандӯсту ватанхоҳи мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва дарси ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст. Аз вилояти Суғд дар ин набардҳои хунин 76 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои онҳо барои имрӯзиён ҳам дарси шуҷоату мардонагӣ аст. Гиромидошти Рӯзи Fалаба, чун нишони эҳтиром ба далериву ҷоннисориҳои фарзандони кишварҳои мухталиф мебошад, ки оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд. Хотираи неки онҳо ҳамеша дар дилу дидаи мо абадӣ маскан гирифтааст.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ қайд кард, ки ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Маҳз, дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву шуҷоатмандонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд. Бо гузашти солҳо ва хусусан, дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра арзишу аҳамияти 9 май Рӯзи Ғалаба дар байни мардуми олам боло меравад.
Инчунин пеш аз оғози чорабинӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт бо ҳамроҳии Ҳакимзода Ҳаким Карим сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 19 нафар, ки дар солҳои ҷанг ба ақибгоҳ хизмат намудаанд кӯмаки яквақтаинаи Раиси вилояти Суғд ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ва Раиси ноҳияро ба маблағи 300 сомонӣ тақдим намуданд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии ноҳия тантанавор саф ороста аз назди майдони Парчами давлатӣ гузаштанд. Баҳри болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.