ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

 220 боздид

Имрӯз дар толори театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ба муносибати рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, аъзоёни раёсат ва комиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони вилоятӣ, ноҳиявӣ, фаъолони ноҳия ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок доштанд.

Пас аз садо додани суруди миллӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Меҳмонону аъзоёни ҳизбро хайрамақдам намуда, ба муносибати рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона таҳният гуфт ва суханро ба меҳмонон дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ба сухан баромада, тамоми ҳизбиёни ноҳияро ба таҷлили бошукӯҳи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки таҳти сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои ташкили он ҳамчун сарвар, сиёсатмадор, роҳбари ғамхору роҳнамо фаъолияти ҳизб ба дараҷаи баланди сиёсӣ бароварда шуд.

Давоми солҳои фаъолияти пурсамар ҳизби мо бо аъзоёни худ, ки аз қисмати пешқадаму фаъоли ҷомеа пазируфта шуданд ва ҷонибдорони сершумораш як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар муайян намудани тақдири Тоҷикистон чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим бозид.

Ҳамзамон, аъзоёни ҳизбро даъват намуд, ки мо ҳизбиён бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои воқеии ҲХДТ мардуми диёрро барои ободониву шукуфоии Тоҷикистони азиз муттаҳиду сафарбар намуда, зери шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” дар оянда низ нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона месозем.

Сипас, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат низ тамоми аъзоёну ҷонибдорони ҳизбро табрик намуда, ёдовар гардид, ки имрӯз мо ҳизбиён ифтихор аз он мекунем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, фаъолияти пурсамар нишон дода, дар дохил ва хориҷи кишвар ба обрӯ ва маҳбубият сазовор гардидааст.

Тӯли ин солҳо ҲХДТ ба як ташкилоти тавоное табдил ёфта, дар худ ҳазорон нафар ҷонибдорон ва нерӯи қудратмандро гирди худ муттаҳид кардааст, ки бо ин қувваи бузург Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳо ноил гардад.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ барои хизматҳои шоён ва амалӣ гардонидани сиёсати созандаву ободкоронаи ҲХДТ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва ҳадафҳои созандаи ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат ва раиси ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Зафар бо Медали ҷашнии “30-солагии ҲХДТ” сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, якчанд нафар собиқадорони ҳизб, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, фаъолони ҳизб ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” баҳри амалӣ намудани Оинномаву Барномаи ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он ҳиссаи арзанда гузоштанд, бо сипономаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қадршиносӣ гардиданд.

Ба якчанд нафар аъзоёни нав ба сафи ҳизб қабулгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охир барномаи консертии омоданамудаи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинӣ гардид.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.