Имрӯз, 13 сентябри соли ҷорӣ дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси ноҳия оид ба масоили кишоварзӣ, иди касбии кормандони беҳдошти замин ва обёрӣ таҷлил карда шуд.
Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, кормадони Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияро ба иди касбиашон табрик намуда, дар баромади худ иброз дошт, соли ҷорӣ аз тарафи кормандони идораи обёрӣ ва кишоварзон корҳои мавсимии кишту кор сари вақт оғоз ёфта, баҳри таъмини оби полезӣ пойгоҳи обкашии АНС-1 аз 27 марти соли равон ба кор оғоз кард. Барои пешрафти фаъолияти корӣ ва баҳри беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ва паст кардани оби зеризаминӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 539 ҳазор сомон маблағ ҷудо карда шуд. Инчуин аз ҳисоби МИҲД-и вилояти Суғд 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
-Соли равон аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва ёрии бевоситаи кишоварзон 1 адад пойгоҳи обгирӣ дар мавзеи Етти-теппа ба кор оғоз кард намуд. Инчунин, 1 адад насоси пастшиддати барқӣ аз тарафи соҳибкор Мамадҷонов Шуҳратҷон дар собиқ хоҷагии деҳқонии “Сабр” ва ҳозира ҶДММ “Рахшон” ба кор оғоз намуд, ки ҳама барои беҳтар намудани оби полезӣ замина мегузорад.
Дар охир ба як қатор кормандон, кормандони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва кишоварзони ноҳия Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси ноҳия тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ барои кишоварзони ноҳия 163 млн метри мукааб оби полезӣ дастрас карда шуд, ки ин нисбати соли гузашта 8 млн метри мукааб зиёд мебошад.