Таҷлили Иди Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Ашт

 899 боздид

Санаи 24-уми марти соли равон Раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Ашт иштирок намуд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳия дар чорабинии идонаи Ҷамоати деҳоти Ашт иштирок намуда, сокинони ҷамоатро ба ҷашни Наврӯз табрик кард ва ба онҳо барору муваффақиятро таманно намуд

-Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кина ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии хуррамона мебошад.

Баъдан ба як қатор фаъолон ва собиқадорони меҳнати Ҷамоати деҳоти Ашт Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз тарафи хонандагон ва устодони санъат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.