Таҷлили Иди Сада дар ноҳияи Ашт

 881 боздид

Санаи 30 январ дар назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов маркази ноҳияи шаҳраки Шайдон, чорабинии идона  бахшида ба Иди Сада баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Бахтиёр Ҷураев намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, муовинони Раиси ноҳия, сардорони корхонаву ташкилоти ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолон ва сокинон иштирок доштанд.

Бахшида ба чорабинии идона, намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия баргузор карда шуд.

Бахтиёр Ҷӯраев намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар баромади худ иброз дошт, ки Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекарданд, зеро оташ натанҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ мебошад.Дар айёми Сада рӯзҳо дароз ва шабҳо кӯтоҳ мебошанд.

Инчунин дар идомаи баромади худ Раиси ноҳия зикр намуд: “Дар оғози саршавии корҳои саҳроӣ барои деҳқонон яке аз ҷашнҳои қадима ин ҷашни Сада ба шумор меравад”.

Дар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, 5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, ҳамешасаб ва мевадиҳанда,  3 ҳазор бех гулҳои ороишӣ пешниҳод гардидаанд.

Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ низ пешниҳод гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.