Таҷлили Истиқлолият дар Ашт

 1 908 боздид

Имрӯз, 9-уми сентябр мардуми ноҳияи Ашт дар варзишгоҳи марказии ноҳия 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Дар ин рӯз ду бинои хуштарҳу замонавӣ дар шаҳраки Шайдон мавриди истифода қарор гирифт, ки туҳфаи арзанда ба мардуми ноҳияи Ашт дар остонаи таҷлили Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Аз тарафи соҳибкор Ашӯров Пулод дар даромадгоҳи шаҳраки Шайдон маркази савдои “АПАЛ” бунёд карда шуд, ки дар он маводи хӯрока минбаъд ба фурӯш гузошта мешавад. Арзиши лоиҳавии ин маркази савдо 1 миллону 157 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз тарафи соҳибкори дигари шаҳраки Шайдон Алиҷон Ҳасанов бо харҷи 180 ҳазор сомонӣ ошхонаи “Фирдавс” сохта шуда, дар ин рӯзи таърихӣ мавриди истифодаи сокинони ноҳияи Ашт қарор гирифт.

Дар варзишгоҳи марказӣ ҳунармандон, дӯзандагон, оҳангарон ва намояндагони ҷамоатҳои ноҳия маҳсули кори худро ба намоиш гузоштанд.

Баъдан дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки сокинон 26-солагии Истиқлолият таҷлил гардид, ки дар он раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Нӯъмон, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуда, сокинонро ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар таҳният гуфтанд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт зимни баромадаш гуфт, ки то таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Мумфаршкунии роҳҳо, таъмири бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ гувоҳи онанд, ки рӯз то рӯз дар ноҳия корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Бунёди ду бинои хуштарҳ дар остонаи Рӯзи Истиқлол туҳфаи ҷашнӣ ба мардуми ноҳия мебошад. Бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон бинои дуошёнаи Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияро дар остонаи таҷлили рӯзи Иҷлосияи тақдирсози мамлакат ба истифода медиҳем.

Дар охири чорабинии идона ба як қатор фаъолон туҳфаҳои хотиротӣ тақдим гардида, барномаи театркунонидашудаи фарҳангӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Сайидои ШОДӢ

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.