Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ашт

 4 091 боздид

Санаи 21 марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт  Наврӯзи Аҷам таҷлил карда шуд, ки дар тантанаҳои  Наврӯзӣ Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад ва и.в. сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Урунзода Лоиқ иштирок намуданд.

Дар ин рӯз, нахуст ба 5 нафар собиқадорони меҳнат, ки барои рушди соҳаҳои гуногун дар ноҳия саҳм гузоштаанд тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кӯмакпулии яквақтаинаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим карда шуд.

Сипас дар варзишгоҳи марказии ноҳия Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зикр дошт, Наврӯзи Аҷам, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол ин ҷониб мақоми байналмиллалӣ гирифтааст ба ҳамаи сокинони ноҳия муборак бошад.

Дар идома Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қайд кард, ки мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз тамоми мардумро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ — пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов суханронӣ намуда, ҷашни Наврӯзро ба тамоми сокинони ноҳия таҳният гуфт.

Урунзода Лоиқ и.в. сардори Раёсати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар охир барномаи фарҳангии Наврӯзӣ тақдими меҳмонон ва сокинони ноҳия гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.