Санаи 21 марти соли равон, пеш аз оғози чорабинии наврӯзӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим – сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ба 5 нафар нафақахӯрони аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро дар ҳаҷми 500 (панҷсад) сомонӣ ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ супориданд.
Инчунин 21 марти соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳия бо иштироки зиёда аз 800 нафар сокинони касбу кори гуногун, табақаҳои мухталифи ноҳия, сарбозону аскарони қисми низомӣ ва бо навдаъватшавандагон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии наврӯзӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим – сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирок намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирокдорони чорабиниро табрик намуда, қайд намуданд, ки ин ҷашни байналмилалӣ дар соли таҷлили ҷашнвораи бузургу таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба диёри сарсабзамон осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя намояд.
Сипас, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ва бахши фарҳанги ноҳия тақдим карда шуд.
Барномаҳои фарҳангии аз ҷониби ҳунармандон омода карда шуда, ба ҳамагон руҳу илҳоми тоза бахшид.
Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилал дар интернати наздимактабии №2-и шаҳраки Шайдон аз ҷониби ҶСК “Кони намаки Ашт” ва дар интернати наздимактабии МТМУ №1-и Ҷамоати деҳоти Ашт аз ҷониби муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи Ҳомидҷон Сармусоқов” ва ҶДММ “Рахшона” дастархони идона ташкил карда шуд. Инчунин дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия барои афсарону сарбозон дастурхони идона ва барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ баргузор гардид.