Таҷлили Наврӯзи байналмиллал дар Ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Шодоба

 486 боздид

Санаи 20 марти соли ҷорӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед, дар Ҷамоати деҳоти Понғоз тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмиллал баргузор гардид.

Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳия, табрикоти Раиси ноҳияро оид ба таҷлили Иди Наврӯзи ҳуҷастапай ба самъи иштирокдорон расонида, иброз дошт, ки Ҷашни Наврӯз идомаи мубориза барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ, пайвандгари дирӯз, имрӯз ва оянда, нишони бузурги ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб мешавад.

Инчунин нимаи дуюми рӯзи 20 март дар Ҷамоати деҳоти Шодоба Наврӯзи фархундапай таҷлил карда шуд.

Фарҳодзода Хуршед роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, дар чорабинӣ иштирок намуд ва табрикоти Раиси ноҳия Зариф Мирдадоро ба самъи аҳли ҷамоат расонид.

-Талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки ин мероси маънавӣ — ҷашни Наврӯзи бостонӣ мақоми ҷаҳонӣ гирад. Аз ин хотир, соли 2010 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии чандин давлатҳои дигар Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмиллалӣ эълон намуд.

Дар Ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Шодоба, зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ намоиши ҳунарҳои марудмӣ, аз қабили кандакорӣ, сабадбофӣ, гӯлдӯзӣ ва кашидадӯзӣ баргузор гардида, сокинон аз он дидан намуданд. Сокинони ҷамоат бо ҳафтсину ҳафтшин дастархони идона ороста, занону духтарон сари деги суманак дар васфи баҳор ва Наврӯз шеъру сурдхонӣ карданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ тақдими сокинон гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз санаи 19 то 24 март дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, бахшида ба Иди Наврӯзи фархундапай чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.