Имрӯз дар толори МДВ “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳия ба муносибати 33-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади ҷашнӣ Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комиссариати ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони раёсату кумитаҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилони ноҳиявӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, собиқ раисони ноҳия, собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, афсарону сарбозон ва падарону модарони ҷавононе, ки адои хизмати ҳарбӣ намудаанд ва айни ҳол дар хизмати ҳарбӣ мебошанд, иштирок доштанд.
Дар ибтидои оғози ҷамъомади тантанавӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ин ҷашни муқаддас қироат намуд.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо арзи гиромидошти ин санаи муқаддас, кулли сокинони ноҳия, фаъолон, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, мақомотҳои қудратӣ ва низомии ноҳия, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба муносибати 33-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар баромади худ қайд намуданд, ки “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлату давлатдорӣ, сипари боэътимоди Ватанамон мебошад, ки ҳанӯз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар ин ҷода роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай намудааст.
Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба як ниҳоди устувору пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки метавонад бо афсарону сарбозони шуҷою далер, мутахассисони баландихтисосу кордон, техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, оромиву осоиштагии давлату миллатро таъмин намояд.
Маҳз, ба шарофати садоқатмандӣ ба давлату миллат ва савганди ҳарбии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи навини мо сулҳу субот комилан пойдор буда, мардум рӯзгори ободу, зиндагии осоишта доранд.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, пайваста ғамхорӣ зоҳир гардида истодааст”.
Сипас, ба як қатор фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 33-солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барномаи рангини консертии аҳли фарҳанг манзури иштирокдорон гардонида шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ