Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар ноҳия

 1 479 боздид

Имрӯз, 23 феврали соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 14356“б”-и ноҳия чорабинии идона  бо сарбозон доир гардид.

Дар чорабинӣ и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳмонзода Абдусамӣ Қодир, комиссари ҳарбии ноҳия Салмонов Қурбоналӣ ва сардори ШВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Зикриё Абдуазизов иштирок намуданд.

Нахуст, Зариф Мирдадо суханронӣ намуда афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

Қувваҳои Мусаллҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ин дам барои пойдории сулҳ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ноадолатӣ дар ҷомеа ва барои таъмини амнияти шаҳрвандон фаъолияти худро равона сохт. Ин ҷост, ки дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу субот пойдор буда, рӯз аз рӯз кишвари мо ободу зебо гардида истодааст,-иброз дошт Зариф Мирдадо.

Дар идома Зариф Мирдадо қайд намуд, ки сафи ҷавонони хоҳишманд барои адои хизмати Модар-Ватан аз ҳудуди ноҳияи Ашт зиёд гардида, онҳо довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Сарбози қисми ҳарбии  0216-и ноҳия Раҷаббек Ортиқов баромад намуда иброз дошт: “Адои хизмат дар назди Модар-Ватан қарзи ҳар ҷавонмард маҳсуб меёбад. Имрӯз барои адои хизмати ҳарбӣ ягон мушкилӣ ҷой надорад ва мо сари вақт бо сару либоси мавсимӣ ва хӯрок таъмин ҳастем. Дар баробари ин байни сарбозон муносибати хуб ба роҳ монда шудааст”.

Дар ҷараёни таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ ба як қатор сарбозон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №40-и ҷамоати деҳоти Понғози ноҳия Мамадҷонов Абдуламит барои хизмати содиқона ва софдилона, иҷро намудани маҳорату малакаи баланд дар таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун бо медали сарисинагии Хадамоти давлати оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Дар охир  барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.