ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ

 184 боздид
Имрӯз, санаи 1-уми сентябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи Дониш дар баробари дигар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ дар Литсейи рақами 2-и ба номи Комилҷон Ҳомидов, воқеъ дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, масъулон ва намояндагони соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф имкон дод, ки дар ноҳияи Ашт як қатор муассисаҳои наву замонавии таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гиранд.
Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронии худ таъкид намуданд: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд кардаанд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.»
Дар баромад зикр карда шуд, ки соли хониши 2025 -2026 дар 75 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 71 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаҳои таҳсилоти асосии умумӣ, 1 литсей, 4 гимназия ва 1 муассисаи таълимии хусусӣ ба фаъолият шуруъ менамояд. Инчунин, ҷамбасти соли хониши 2024-2025 нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон баланд гардида, дохилшавии онҳо ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар назаррас гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ дарси сулҳ баргузор карда шуд, ки дар он нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр намуданд: «Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пояи асосии рушди давлат ва сарвати бузургтарини миллат ба шумор меравад. Имрӯз масъулияти ҳар яки мо он аст, ки ин дастоварди бузургро пос дорем ва барои таҳкими он саҳми худро гузорем.»
Дар фарҷоми сухан, Раиси ноҳия мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли нави таҳсил барору комёбиҳо ва дониши хубу аъло орзу намуданд. Баъдан аз ҷониби директори муассисаи таълимии болозикр Муллоҷонова Дилафрӯз барои ташриф ва шодбошӣ ба Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар охир ба 26-нафар наврасоне, ки бори аввал қадами худро ба синфи якум гузоштанд, тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода тақдим карда шуд ва бо садо додани занги аввал соли хониш оғоз гардид.
Зимнан қайд намуд, ки тибқи талаботҳои барқияи расмӣ аз 18 августи соли 2025 №463-1/16 – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар асоси барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2025, №24/10-84 дар ҳар як муассисаҳои таълимии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ (бесуруду мусиқӣ) бахшида ба Рӯзи дониш дар сатҳи баланди омодагӣ соати 8-00 баргузор гардида, дар асоси ҷадвали тасдиқшуда роҳбарону фаъолони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба ҳар як муассисаи таълимӣ ҳамчун намояндаи масъул муқаррар ва сафарбар карда шуда, онҳо кормандони соҳа ва хонандагонро ба ифтихори Рӯзи дониш табрик намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.