Таҷлили Рӯзи ғалаба дар Ашт

 1 568 боздид

Имрӯз, 9-уми май дар назди пайкараи “Модари маъсум”-и ноҳияи Ашт бахшида ба 72-юмин солгарди  Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ  ва кормандони муаассисаву ташкилотҳои ноҳия баргузор гардид.

Дар оғоз барои поси хотири иштирокчиёне, ки дар ҶБВ ҳалок гардидаанд гулчанбар гузошта шуд. Баъдан дар ҳузури иштирокчиёни ҶБВ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат кардаанд раиси ноҳия баромад намуда қайд кард: “Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои Шуморо дар таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар фаромӯш намекунем. Ғамхории ҳамаҷониба нисбат ба Шумо вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад”.

Дар чорабинӣ ҳунармандони Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидови ноҳия саҳнаҳоро аз ҳаёти иштирокчиёни ҶБВ дар набардҳои мудҳиш ба ҳозирин намоиш доданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Дар охири чорабинӣ раиси ноҳия баҳри поси хотири ҷанговарони интернатсиалист дар Афғонистон низ гулчанбари хотиравӣ гузошт.

Ёдовар мешавем, ки айни замон 15 нафар иштирокчии ҶБВ ва як оилаи бесаробон дар ноҳияи Ашт умр ба сар мебаранд. Ба ин мардони далер дар арафаи таҷлили санаҳои таърихӣ кӯмаки яквақтаинаи МИҲД-и ноҳияи Ашт расонида мешавад.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.