Таҷлили Рӯзи ғалаба дар ноҳияи Ашт

 2 883 боздид

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Ашт бахшида ба 73-юмин солгарди  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Акмалзода Носир Қодирӣ сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия  чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғоз барои поси хотири иштирокчиёне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок гардидаанд Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Акмалзода Носир Қодирӣ, дар назди пайкараи “Модари маъсум” ва баҳри поси хотири ҷанговарони интернатсиалист дар Афғонистон низ гулчанбари хотиравӣ гузошт.

Акмалзода Носир Қодирӣ сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Суғд табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд расонид. Зикр дошт, ки дар ин набардҳо ҳазорон фарзандони кишвари мо иштирок намуда, шуҷоату далерии онҳо барои наслҳои минбаъда чун дарси ибрату мардонагӣ, фидокориву ҷасорат, муттаҳидӣ ва шикастнопазирии халқҳо боқӣ мондааст.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар борамади худ қайд кард, ки мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои Шуморо дар таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар фаромӯш намекунем. Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронву шуҷоатмандонаи  халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардуми сайёра таъмин карда шуд.

Инчунин Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамроҳии Акмалзода Носир Қодирӣ сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Суғд ба 15 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба 42 нафар онҳое, ки дар ақибгоҳ хизмат намудаанд кӯмаки яквақтаини Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияро тақдим намуданд.

Ҳунармандони Муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидови ноҳия саҳнаҳоро аз ҳаёти иштирокчиёни ҶБВ дар набардҳои мудҳиш ба ҳозирин намоиш доданд. Ҳамзамон баҳри болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз 15 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як оилаи бесаробон дар ноҳия зиндагӣ мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.