ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

 297 боздид

Санаи 22 майи соли 2025 дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон   чорабинии расмии Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар ибтидо роҳпаймоии ҷавонон бо иштироки зиёда аз ду ҳазор аз ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ, варзиш ва ғайра баргузор шуд.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат дар назди саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳпаймоии ҷавононро пазироӣ намуданд.

Баъдан, чорабинии идонавӣ дар саҳни майдони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома ёфт.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханронӣ ҷавонони саодатманди ноҳияро ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷараёни шодбошӣ зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста ёдовар шуда, дар ҳар суханрониву мулоқоти хеш ҷавононро ба созандагиву бунёдкорӣ, ҳисси баланди миллӣ доштан, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват менамоянд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд,ки ҷавонони мо  насли замони истиқлол мебошанд. Ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд” .

Хушбахтона саҳми ҷавонони ноҳияи мо дар ҳифзи Модар-Ватан, соҳаҳои хизмати давлатӣ, алоқаву бонкҳо, соҳибкориву тиҷоратӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш хеле назаррас буда, шоистаи таҳсину офаринҳо мебошанд.

Сипас, ҷавонони муваффақ ва фаъоли ноҳия ва пешсафони Дави миллӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ғолибони мусобиқаи хурди футбол бо кубок ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом намоиши консертии бахши фарҳанги ноҳия ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.