ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ ДАР НОҲИЯ

 493 боздид

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қаламрави кишвари азизамон ҳамасола санаи 4-уми май ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.

Бо ин мақсад дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъолон ва кормандони мақомоти нозироти андози ноҳия чорабини тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода кулли кормандони мақомоти нозироти андози ноҳияро ба ин рӯзи фархундаи касбиашон муборакбод ва табрику таҳният намуда, дар маърӯзаи шодбошии худ зикр намуданд: “Дар ҳақиқат, саҳми кормандони мақомоти нозироти андози ноҳия  дар пешбурди сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён мебошад. Имрӯзҳо Шумо кормандони мақомоти нозироти андоз бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу кишвари ободу зебо барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳа, пурраву барзиёд иҷро намудани нақшаҳои мухталифи  андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ, вусъат додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии андозсупорандагон, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани муносибат ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ, мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида истодаед”.

Барои фаъолияти самарабахш ба ҳайати кормандони мақомоти нозироти андози ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, итминони он намуданд, ки минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ва пурраву барзиёд таъмини намудани нақшаи воридотҳои андозӣ содиқона фаъолият менамоянд.

Баъдан, пешқадамони соҳаи андози ноҳия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дар фарҷом, аз ҷониби сардори нозироти андози ноҳия Ҳасанов Асириддин Фахриддинович барои ташкили чунин чорабинӣ ва таваҷҷӯҳ арзи сипос карда шуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.