10.11.2025
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қаламрави кишвари азизамон ҳамасола санаи 10-уми ноябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти милитсия таҷлил карда мешавад.
Дар оғоз, субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ бо ҳамроҳии роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шуъбаи ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва ҳайати шахсиро муборакбод гуфтанд. Баҳри поси хотири марҳум кормандони соҳаи милитсияи ноҳия, ки дар таъмини сохти конститутсионӣ ва якпорчагии кишвари азизамон бо садоқатмандӣ ҷоннисорӣ кардаанд, гулчанбар гузоштанд.
Баъдан, тантанаи расмии таҷлили ҷашни Рӯзи кормандони милитсия дар толори калони МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” сурат гирифт.
Ҷамъомади тантанавӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, дар он роҳбарияти ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарият ва ҳайати шахсии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, собиқадорони соҳаи милитсия, собиқадорони меҳнат, ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Бо ворид кардани Парчами давлатӣ Суруди миллӣ садо дод. Ҷамъомади тантанавиро Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳусни оғоз бахшида, бо маърӯзаи пурмӯҳтаво роҳбарият, ҳайати шахсии милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори ҷашни касбӣ – Рӯзи кормандони милитсия табрику таҳният намуданд.
Қайд намуданд, ки “Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро шарафмандона ба иҷро расонида, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки: “Аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат ба рушду пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.”
Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, полковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой дар суханрониашон ҳамаи ҳайати шахсӣ ва собиқадорони милитсияро муборакбод гуфта, аз мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо, нақши барҷаста дар таҳкими сулҳу субот ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия ёдовар гардида, зикр намуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ҷалб кардани кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса доранд. Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия, пешқадамони соҳа рутбаҳои баланди хизматӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Ашт, шӯъбаи ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт супорида шуд. Ҳамзамон, оилаҳои бесаробонмондае, ки ҳамсарони онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар барқароркунии сохти конститутсионӣ вафот гардида буданд, бо кӯмакҳои моддӣ – маънавӣ фаро гирифта шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
Барои ҳайати шахсӣ ва собиқадорони милитсияи ноҳия дар Маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии “30-солагии Истиқлол” дастурхони идона ороста шуд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ