Таҷлили Рӯзи матбуот дар ноҳияи Ашт

 763 боздид

“Мавриди зикр аст, ки қаламкашон дар матбуоти даврӣ, тавассути мақолаҳо, хабарҳо, муҳокимарониҳои ҷиддӣ дар дастрас ва ошкор намудани нуқсонҳои ҷомеа хизматҳои арзишманд ба харҷ медиҳанд”, ин нукта дар баромади Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, имрӯз дар таҷлили Рӯзи матбуот, садо дод.

Дар баромади худ дар таҷлили Рӯзи матбуот Раиси ноҳияи Ашт аз мавқеъгириҳо ва назарҳои хоси рӯзноманигорон, дар навиштани мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилӣ, ки ҷанбаъҳои яктарафа дорад, изҳори нигаронӣ намуд. Инчунин аз надоштани робитаи зичи журналистони мустақил ва ҳам давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр дошт ихтилофе байнашон бошад, бояд аз байн бардошта шавад. Агар робитаи зич ва ҳамкорӣ байни рӯзноманигорони мустақил ва ҳам давлатӣ бошад дар навиштан ва инъикоси масъалаҳои муҳим ва додугирифти иттилоот мушкилие эҷод нахоҳад шуд.

-Рӯзноманигорони ватандӯст тафаккури ҷомеаро бо нури дониш, хирад ва панду андарз равшан карда, насли ҷавону наврасро ба ҷодаи зиндагӣ барои ободию шукуфоии имрӯзу фардои Ватани азиз ҳидоят месозанд.

Зариф Мирдадо, Раиси ноҳияи Ашт, дар анҷоми суханронии хеш рӯзноманигорон ва  аҳли матбуоти ноҳияро бори дигар ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма дар инъикос ва амалӣ гардонидани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар саҳми сазовор мегузоранд.

Дар таҷлили Рӯзи матбуот ба якчанд нафар собиқадори соҳа ва рӯзноманигорони ҷавон, ки дар ВАО-и ноҳия фаъолият мебаранд бо Сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва туҳфаҳои хотиротӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.