Ҳамасола тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 13 сентябр ҳамчун Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳияи Ашт ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади таҷлили рӯзи касбӣ роҳбарияти ноҳия, як қатор раисони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, роҳбарият ва кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрӣ, собиқадорони соҳа, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони ассостсиатсияҳои истифодабарандагони об ва як қатор роҳбарони хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо маърӯзаи шодбошиашон кулли кормандону собиқадорони соҳаро самимона табрик намуда, ба ҳамаи онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиву дастовардҳои беназир таманно намуданд.
Қайд намуданд, ки дарвоқеъ саҳми мелиораторони ноҳия бо таъминоти оби полезӣ ва беҳдошти замин дар таъмини рушди бонизоми соҳаи кишоварзӣ беназир буда, аз ҳар ҷиҳат фаровонии бозори истеъмолӣ маҳз аз кору фаъолияти шабонарӯзии онҳо вобастагии калон дорад. Бо заҳмату меҳнати софдилонаи кормандони соҳаи обрасонӣ, таҷрибаи ғании кориву касбии мутахассисони соҳа барои фаъолияти мураттаби дастгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори соҳавӣ, обёрии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, боғу токзор тадбирҳои зарурию саривақтӣ роҳандозӣ мегарданд.
Зикр карда шуд, ки танҳо дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ашт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 890342,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 170482,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондодҳои мусбии соҳаи кишоварзӣ возеҳи он аст, ки новобаста аз мушкилиҳои соҳа кормандони соҳаи обрасонӣ тавонистанд, рисолати касбии худро содиқона иҷро намоянд.
Итминони он намуданд, ки кормандони соҳа минбаъд низ фаъолиятро дар самти таъминоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтару хубтар карда, нақшаву ӯҳдадориҳои кории дарпеш гузоштаро саривақт ва босифат таъмин менамоянд.
Барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда як қатор пешқадамони соҳа бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Ашт, Агентии давлатии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентии давлатии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва худи маъмурияти идора дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва объёрии ноҳия Ботурзода Махфиралӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайваста ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода миннатдории ҷомеаи меҳнатии коркунони соҳаро иброз намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ