Таҷлили рӯзи милитсия

 1 744 боздид

Имрӯз 10-уми ноябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. 

Раиси ноҳия собиқадорон ва кормандони ШВКД-и ноҳияро таҳният намуда гуфт, ки милитсияи тоҷик дар ҳама давру замон ҳамчун муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ ва кафили осудагии меҳан рисолати муқаддаси хешро содиқона ба иҷро мерасонад.

Роҳбарияти ноҳия ҳамчунин илова кард: “Эътимод дорам, ки шумо кормандони ШВКД-и ноҳия минбаъд низ ба қасами хеш содиқ мемонед ва баҳри таҳкими қонуният, тартибот ва суботи ҷомеа, мубориза баҳри пешгирии ҷинояткорӣ кулли имкониятҳои хешро масраф хоҳед намуд”.

Сардори ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид Орифҷон бо маърӯзаи худ аз таърихи таъсисёбии милитсияи тоҷик, муборизаву ҷоннисориҳои мардони шуҷои меҳан баҳри ба даст овардани Истиқлолият, барқарор намудани сохти конститутсионии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҷомеа, хизматҳои шоистаи як қатор собиқадорону шаҳидони роҳи истиқлол сухан гуфт.

Дар охир ба як қатор собиқадорону кормандони милитсияи тоҷик дар ноҳияи Ашт Сипоснома, туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳия ва кӯмакпулии яквақтаинаи роҳбарияти ноҳия тақдим карда шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.