Таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳияи Ашт

 349 боздид
Субҳи имрӯз дар муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров Саидимом ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия ба муносибати Рӯзи Модар чорабиниии тантанавии идона баргузор гардид.
Нахуст Акбаров Саидимом мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонида зикр дошт, ки зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳозиринро ба ҷашни Рӯзи Модар шодбош намуда, иброз дошт, ки модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Меҳри беҳамтои фариштаи рӯи замин, беҳтарин ҳадяи худовандӣ, зеботарин мӯъҷизаи ҳаёт, қиматтарин дурдонаи зиндагӣ Зан-Модар, ба мисоли хуршедест, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Дунё дар домони биҳишти модарон парвариш меёбад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Сипас, як қатор бонувони фаъол, ки дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.