Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

 1 897 боздид

Имрӯз, 24 ноябр дар ноҳия Рӯзи парчам таҷлил карда шуд.

Субҳи имрӯз,  сокинону ҷавонон, кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва сарбозон ба даст парчам гирифта, аз даромадгоҳи шаҳраки Шайдон то назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов роҳпаймоӣ намуданд.

Инчунин дар роҳпаймоӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори идораи Кумитаи замини вилоят, Умарзода Ҷамшед, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, сардорони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва собиқадорону фаъолон иштирок намуданд.

Баъдан дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Умарзода Ҷамшед, сардори Кумитаи замини вилоят, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатиро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Роҳбари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо, дар баромади худ иброз дошт, бо тантана ва шукӯҳи хосса  таҷлил карда шудани ин рӯзи муқаддас, иқдому ташаббуси дурандешонаи Сарвари давлат буда,  дар таҳкими эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори сокинони кишвар аз давлати соҳибистиқлоли худ, ваҳдату ягонагии халқу мамлакат, мавқеи муҳимро дар бар мегирад.

Дар охири чорабинӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.