Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар ноҳияи Ашт

 847 боздид
Имрӯз, 9 августи соли ҷорӣ дар Муасиссаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-даммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Рӯзи варзишгарон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, директори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, муовини Раис ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷамшед Маҳмудзода, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Хуршед Фарҳодзода, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс” Алишер Толиб, мураббиён, собиқадорони соҳаи варзиш дар ноҳия ва варзишгарони ҷавон иштирок доштанд.
Нахуст Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо меҳмонон дар саҳни Театри мусиқӣ-даммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, аз рафти даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам”, дидан намуданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ бахшида ба Рӯзи варзишгарон иброз дошт, баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 94 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбати маблағгузории соли 2017 22,5 баробар зиёд мебошад.
Дар идомаи баромадаш Раиси ноҳия афзӯд, дар муассисаҳои варзишии ноҳия 194 нафар духтарон аз рӯйи намуди варзиши сабук-карате-до, волейбол, дастхобонӣ ба машқу тамрин машғул мебошанд. Вале, бовуҷуди ин масъулини соҳаро мебояд, сафи варзишгардухтаронро зиёд намуда, баҳри ҷалби онҳо ба машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш чораҷӯйӣ намоянд. Давоми 3 соли охир 8 нафар хатмкардаҳои донишгоҳу донишкадаҳои олии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар муассисаҳои варзишӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 9 нафари дигар идомаи таҳсил намуда истодаанд.
— Бовуҷуди дастовардҳо дар соҳаи варзиши ноҳия камбудиву норасогиҳо низ ҷой доранд. Норасогии лавозимотҳои варзишӣ дар мактабу толорҳои варзишӣ, ба таври бояду шояд ба роҳ намондани чорабиниҳои варзишӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ба рушди бомароми соҳаи варзиш монеа эъҷод менамояд. Ҳамзамон, нокифоягии маблағ барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ садди пешравиҳои соҳа мегардад.
Хуршед Атовулло директори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, дар вазъияти тантанавӣ ба Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, барои ишғол намудани мақоми аввал дар озмуни таъсисдодаи ОИ “Суғднюс”, зери унвони “Лучший председатель города и района”, байни раисони шаҳру навоҳии вилоят, бо ба даст овардани беш аз 1600 овоз дар бахши “Народный председатель”, Сипоснома ҷоизаи таъсисдодаи ОИ “Суғднюс”-ро супорид.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷавон, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.