Имрӯз дар Муассисаи давлатии театри вилоятии ба номи М. Воҳидов Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил карда шуд. Дар он Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, мудири кор бо кадрҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳмонов Набиҷон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Раҳмонов Набиҷон омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Аштро бо ҷашнашон табрик гуфта, ҳамзамон табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба саъми омӯзгорон расонид.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни баромадаш омӯзгоронро бо ҷашнашон таҳният гуфта таъкид намуд, ки мақому мартабаи омӯзгор дар ҳама давру замон баланд буд ва хоҳад монд.
-Шумо тарбиятгар, раҳнамо ва раҳкушои фарзандони мардум ҳастед. Бидуни раҳнамо ва раҳкушо имрӯз зиндагиро тасаввур қардан ғайри имкон аст. Аз ин хотир, имрӯз ҳар як зиёӣ талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз намуда, густариш диҳад ва онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд,-иброз дошт Зариф Мирдадо.
Дар таҷлили ҷашни омӯзгорон Ҷалилова Дилором, Ашӯрова Лола ва Одинабоева Умеда бо нишони сарисинагии Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Омӯзгорон Қодиров Ғуфрон, Қобилов Раҳимҷон, Тӯйчиева Мавзуна бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматуллоев Даврон ва Олимов Пайрав бо сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.Ҳ
Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт барои рушди соҳаи маориф ва хизматҳои шоён омӯзгорон Ашӯрматов Баҳром, Мирзоқулов Рафтор, Иброҳимов Шарифҷон, Юлдошев Каримҷон ва чанд тани дигар бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ низ ба чанд нафар омӯзгорони болаёқат сипосномаи ҳизбро тақдим намуд.
Дар охир баҳри баланд бардоштани руҳияи омӯзгорон барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.
Маркази матбуотии Раиси ноҳияи Ашт