Такягоҳам Пешвои Миллатам!

 331 боздид

Ман ба баромадҳои Муҳиддин Кабирӣ ки пайваста аз суханҳои беманои подарҳове, ки бар зидди сиёсати ҳукумати давлати тинҷу осоиштаи мо зид аст, бо қатъият ҳамфикр нестам!

Мардуми шарифи ноҳияи Ашт, пайваста баромадҳои мухталифи Муҳиддин Кабириро дар ҳама шабакаҳо тамошо намуда, суханҳои бемантиқи ӯро, ки барои вайрон намудани фикру ақидаҳои мо ва муқобил намудани ҷавонон ба сиёсати давлат ташвиқ менамояд, инкор менамоем. Аз ҷониби худ гуфта метавонам, ки бори охирон ҳангоми ташриф овардани М.Кабирӣ ба ноҳияи Ашт ва вохӯрии ӯ бо мардум, дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати ш.Шайдон бояд баргузор мегардид, шахсан иштирок доштам ва шоҳиди.он гаштам, ки аъзоёни гурӯҳи ҲНИТ бо сардории М.Кабирӣ тамоман аз кӯчаи ҳурмати эҳтиром нисбати зан, модар нагузаштаанд ва онҳо модаре, ки ҳаёт бахшандаи инсонҳост, умуман қадр намекунанд ва дар толор бо занҳо чунон рафтор намуданд, ки гуё зан як косаи шикаста асту ӯро бояд пеши по зад…

Ҳуқуқи зан дар ҷомеаро паст заданд, хостанд занҳоро аз толор берун намоянд, ки ин ҳолат ба онҳо муяссар нагардид ва занҳо марказ тавонистанд, худи Кабирӣ аз толор маҷбури хориҷ намуданд. Чунки мо намехоҳем, ки Кабирӣ пешбари мардум бошад, суханҳояшро шунидан намехоҳем, фикру ақидаҳои ӯ ба мо бегона аст, ӯ душмани миллати мо аст.

Кабирӣ террорист мебошад. Пайравони Кабирӣ ҷавонони гумроҳгаштаи мо ки шомили ҳизбу гурӯҳҳои террористи ва экстремисти гаштаанд, ин ҳама натиҷаи баромадҳои беохири М. Кабирӣ буда,

тарбияи ҷавононро тамоман вайрон кардааст, бинобар он хоҳиш менамоем, ки ба М.Кабирй дар ҷамъияти мо ҷой дода нашавад.

Мо кулли мардуми Тоҷикистон давоми 28 соли ҳукмронии Асосгузори сулҳу ваҳцати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело ба пешравиҳои зийд ноил гаштем дар ҳама ҷаҳон мо тоҷиконро машҳур сохт ва мо дар гюяи Созмони байналмиллал ҷойи худро ишғол намудем. Зиндагии осоишта, Сулҳу амният, озодиву ободӣ, серию пурӣ, мактабу богчаву беморхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳҳо, богҳои фарҳанги фарогатӣ ва роҳҳои обод дар ҳама самтҳои манотиқи ҷумҳуриамон ин ҳама раванди пешравии мост бо Пешвои муаззами миллатамон! Ман ва аҳли оилаам мехоҳем, ки чун ҳамин рӯз Пешвои муаззами миллатамон зиндаву саломат бо ақли хиради ҷовидона, дар пояи давлат истода, сарвари абадқудрати мо бимонанд.

Бо камоли эҳтиром ба сарвари тоҷикон.

Корманди техникии литсейи №2: Саидова М.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.