Таъмири роҳ дар ноҳия оғоз шуд

 1 636 боздид

Таъмир дар роҳҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва қисман маҳаллии ноҳияи Ашт аз санаи 15–уми апрел оғоз гардид, ки он то моҳи сентябр идома меёбад ва роҳҳои ҳудуди ноҳия дар ин муддат аз таъмир бароварда мешаванд.

Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт дар таъмири роҳи Хуҷанд-Ашт иштирок намуда, ба масъулин супориш дод, ки барои беҳтар гардонидани вазъи роҳ корҳои барқарорсозиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.

Тибқи иттилои Маъмурҷон Ҳамзалиев  сардори МДНР ноҳияи Ашт, роҳи байналмиллалии Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон аз клометри 33 то 91 бо асфалти гарм пӯшонида мешавад. Инчунин роҳи автомибалгарди Ғафуров-Пунгон-Адрасмон низ аз клометри 1 то клометри 6 мумфарш мегардад.

Барои таъмири роҳҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва қисман маҳаллӣ аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 367211 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки то имруз зиёда аз 4км роҳи Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон таъмир гардидааст.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.