Тамошои дастаҷамъонаи асари Ҷумъа Қуддус

 1 004 боздид

Санаи 12 апрели соли равон, ҳунармандони муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” намоишномае аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус “Лаҳзае бо аллома ё мушкилоти панҷум”-ро пешкаши тамошобинон намуданд.
Дар тамошои намоишнома роҳбарияти ноҳия Зариф Мирдадо, муовинон, роҳбарони якқатор ташкилоту идораҳо ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Асар ҳодисаҳои асрҳои 19 — 20 — ро дар бар мегирад. Мазмуни асосии асар ин гумроҳ намудани баъзе табақаҳои аҳолӣ бо роҳи диндориву хурофотпарастӣ мебошад. Муаллиф дар охири асар нишон додааст, ки ин гуна табақаҳо ба мақсади худ намерасанд.
Басаҳнагузорандаи ин асар саррежисёри театр Миродиев Убайдулло, саррасом Шарипов Фирӯз, ороишгари мусиқӣ Сатторов Ғайрат ва Мамадҷонов Шӯҳрат мебошанд.
Ҳунармандон бо ҳунари волои худ тавонистанд мазмуни асарро ба тамошобинон бо тамоми нозукиҳояш намоиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз паст гардидани хурӯҷи бемории сироятии COVID – 19 ҳунармандон тавонистанд намоишномаро бо риояи қоидаҳои гигиенӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба саҳна гузоранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.