Тантанаи Наврӯзии бонувони ҳунарманд

 1 000 боздид

Дар толори Маркази таълими-истеҳсолии «Атлас зеби занон»-и ҷамоати шаҳраки Шайдон тантанаи Наврӯзӣ доир гардид, ки дар он бонувони ҳунарманди ноҳия маҳсули кори худро ба намоиш гузоштанд.

Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия мегӯяд дар тантанаи Наврӯзӣ бонувони ҳунарманди ноҳия маҳсули кори худро ба намоиш гузошта, ҳамзамон дастархони идона оростанд. Зимни баргузории тантанаи Наврӯзӣ бонувони ҳунарманд дар васфи баҳору Наврӯз шеъру сурудхонӣ карданд.

Дар ноҳияи Ашт занон ба қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ ва атласу адрасбофӣ машғул ҳастанд. Бонувони ҳунарманд дар марказҳои ҳунаромӯзӣ ба ҷавондухтарон ҳунар меомӯзонанд, ки ин барои таъмини рӯзгори онҳо дар оянда мусоидат мекунад,-гуфт Обода Каримӣ.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.