Тақдими 3 ҳавополо (кондиционер) ба беморхонаи марказии ноҳия

 452 боздид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 3 адад ҳавополо (кондиционер) ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.
Нахуст Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, миннатдории худро ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иброз намуда, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ ҳамкории тарафайн идома хоҳад ёфт.
Ин туҳфаро Файзализода Нурилло муовини аввали котиби генералиидастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Парвиз Ҷабборзода котиби иҷроияи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар асоси Барномаи “Амал дар асоси пешгӯӣ барои солҳои 2019-2021” ба ноҳия оварданд.
Зимни суханронии худ Файзализода Нурилло муовини аввали котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, нахуст арзи миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иброз дошта, қайд кард, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нақша дорад дар рӯзҳои наздик ба беморхонаи ноҳия як адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) тақдим намояд.
Мавриди зикр аст, ки ин кӯмаки аввалин набуда, аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар арафаи иду ҷашнҳо ба оилаҳои ниёзманд ва бунгоҳҳои тиббӣ кӯмак расонида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.