Содир Бобокалонов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 21-уми феврали соли ҷорӣ бо ордени “75-солагии муҳорибаи шаҳри Москва” сарфароз гардонида шуд.
Дар расми супоридани орден ба Содир Бобокалонов Консули генералии Федератсияи Руссия дар шаҳри Хуҷанд Бондаренко Валерий Алексеевич, муовини аввали раиси ноҳия Расулзода Қафлон Мансурӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мадисмон Шодиев иштирок доштанд.
Содир Бобокалонов яке аз иштирокчиёни муҳорибаи шаҳри Москва мебошад, ки бо Фармони Президенти Федератсияи Руссия Владимир Владимирович Путин бо ордени “75-солагии муҳорибаи шаҳри Москва” мукофотонида шуд.
Тибқи иттилои раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ашт Мадисмон Шодиев айни замон дар ноҳия 15 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.