Тақдими тӯҳфаҳои пулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ

 948 боздид

Дар арафаи таҷлили Рӯзи ғалаба ба 15 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва як оилаи бесаробони ноҳияи Ашт кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Каримзода Тоҳир, сардори Хадамоти муҳоҷират ва меҳнати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.
Тӯҳфаи идонаи Президенти кишвар дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ, кӯмакпулии раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ва кӯмакпулии раиси ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 450 сомонӣ ба ҳар иштирокчӣ (ҳамагӣ 4950 сомонӣ) тақдим гардид.
Дар арафаи таҷлили 72-солагии Рӯзи ғалаба дар ноҳия ба 54 нафар дар ақибгоҳбудагон низ ба ҳар нафар 1450 сомонӣ кӯмакпулии якдафъаина тақдим карда шуд.
Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт зимни аёдат ва тақдими тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни ҶБВ аз ҷасорат ва мардонагии онҳо ёдовар гардида, ба ин мардони ҷонфидои Ватан умри дарозу зиндагии босаодат таманно намуд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.