ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТӢ

 188 боздид
Дар ноҳия аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, фаъолону зиёиён, собиқадорони касбу кору гуногун, занону бонувон, ҷавонон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоитҳои ахбори оммаи ноҳия доир ба нақш ва манзалати Истиқлоли давлатӣ, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавону навини Тоҷикистон, дастовардҳои беназир дар соҳаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра, гиромидошти муқаддасотҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарастиву ватандорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими ҷашну маросим ва сарфаю сариштакорӣ, худшиносу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, масъалаҳои доғи олами сайёра – терроризм, экстремизм, зуҳуротҳои номатлуби коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ғайра пайваста ҷаласаҳои корӣ, мулоқоту вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуда, маводҳои он дар воситаҳои ахбори омма интишор карда мешаванд.
Меҳвари асосии андешидани тадбирҳои судманди амалӣ бо бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатии касбу кори гуногун василаи муҳим арзъёбӣ мегардад ва ҳамешагӣ таҳти таваҷҷӯҳ ва корбарии роҳбарияти ноҳия қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи масъалаҳои болозикр Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҷомеаҳои меҳнатии як қатор соҳаҳои иҷтимоии ноҳия ҳамроҳи масъулон сӯҳбати сарироҳӣ анҷом доданд.
Дар сӯҳбати сарироҳӣ қайд намуданд, ки дар иҷрои масъулияти шаҳрвандии худ дар назди халқу Ватан, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар яки мо мебошад, ин ба қадри соҳибистиқлолӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ расидан мебошад. Хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро пайгирӣ ва ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, гиромидошти муқаддасотҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб мераванд.
Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро бедор намоем. Дар айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва гулгулшукуфии Ватан вафодори Ватани азизи худ бошем, ба қадри ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт — мамлакати тинҷу осуда, Пешвои маҳбуби миллат, ки доимо бо халқ ҳастанд ва шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебардоранд, бирасем. Дар ободии Ватан, саркарда аз кошонаву дари худ камари ҳиммат баста, саҳми арзандаи худро гузорем.
Талқин намуданд, ки зуҳуротҳои номатлуби сайёра, ба амсоли мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии босуръат, нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, даҳшату оқибатҳои фалокатбори терроризму экстремизм, масъулият ва муносибати ҷиддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад ва бинобар он ҳушъёриву зиракиро аз даст надиҳем.
Иттилоъ доданд, ки дар саросари кишвар, аз он ҷумла дар ноҳия маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад ва ҷавонону фарзандони синну соли даъватии худро ба адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун қарзи муқаддас ва садоқат дар пеши Ватан-Модар ҳидоят намоем.
Дар ин росто, ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи дусолаи маводҳои ғизоиву озуқаворӣ, инчунин тоза намудани хонаву кошонаи худ, обод намудани дару девори манзилҳои истиқоматӣ ва рушди инфрасохтори маҳал тавсияҳои муфид ва раҳнамоӣ намуданд.
Дар баробари ин иттилоъ доданд, ки имрӯзҳо маъракаи муташаккили ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон – пахта оғоз гардида, рӯ ба вусъат аст. Зарур аст, ки аз обу ҳавои мусоид истифода бурда, ҳиссаи арзандаи худро бо меҳнати поку аҳлонаи худ гузошта, ғайрати худро фаъолона нишон диҳанд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.