Дастгириҳои ҳамаҷониба ва пуштибонии табақаҳои эҳтиёҷманду ниёзманд дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри таъмини шароити арзанда ва дастгирии иҷтимоию моддии онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳо, инчунин сафарҳои кории хеш ба минтақаҳои мухталифи кишвар таваҷҷуҳ ба амалҳои хайр, эҳсонкорӣ, дастгирии табақаҳои мухталифи аҳолиро ба унвони рукни муҳими оини давлатдорӣ талқин намуда, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо ва шахсони эҳсонкору масъулини бахшҳои мухталифи хоҷагии халқро барои иқдом дар ин арса даъват менамоянд.
Дар ин замина дар Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “30-солагии Истиқлол” бо ташаббус ва иқдомҳои хайрхоҳонаи соҳибкорӣ ватанӣ, бонуи эҳсонкору саховатманд Бобоева Хуршеда Ҳилоловна тадбири дастгириҳои моддии 20-нафар кӯдакони ятими кулл, 12 нафар маъюбон, 20 оилаҳои эҳтиёҷманду ниёзманд ва ҳамзамон 24 нафар кормандони собиқадори КФД “Хоҷагии манзилӣ — коммуналии ноҳияи Ашт”, 12 нафар собиқадорони МД “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” амалӣ карда шуд.
Барои онҳо сару либос, пойафзол, туҳфа ва кӯмакҳои моддӣ тақдим карда, дастархони идона ороста шуд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат ба чунин иқдоми хайру сахои бону Бобоева Хуршеда Ҳилоловна изҳори миннатдорӣ намуданд.
Чорабинӣ таҳти барномаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ бо иштироки сарояндаи овозадори вилоят Ғолибҷон Юсупов доир гардид.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ