ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД БАЙНИ НАВРАСОН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ УСТОДИ ВАРЗИШИ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ ТУХТАҚУЛ МАДАЗИМОВ

 152 боздид

Тавре, иттилоъ дода будем, дар баробари рушд ва такомули намудҳои мухталифи варзиш дар ноҳия, гӯштини тарзи озод дар байни онҳо мавқеи меҳвариро ҷой дорад. Ин намуди варзиш таърихи пайдоиши кӯҳан ва мухлисону ҳаводорони зиёд дошта, ноҳияи Аштро бо дастпарварони маъруф ва ғолибони чемпионатҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷа ба хубӣ мешиносанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кушодашавии мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллудашон 2010-2012 ва 2013-2015 барои дарёфти Ҷоми Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Тухтақул Мадазимов оғози расмӣ бахшида шуда, оғоз ва анҷоми он санаҳои 22-23 ноябри соли равонро дарбар гирифт.

Дар ин мусобиқа аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, худи ноҳияи Ашт ва 1-даста аз ҷумҳурии ҳамсояи дӯсту бародар – Ӯзбекистон, ҷамъ 174-нафар гӯштингирон иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Тухтақул Мадазимов 3-июни соли 1951 дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, марҳум падараш Фармонов Мадазим иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буда, ҳамзамон як муддати солҳо роҳбарии хоҷагии (колхози) ба номи Фрунзеро ба ӯҳда доштанд. Модарашон фарзандонро нигоҳубин ва тарбия менамуданд. Мадазимов Тухтақул баъд аз хатми мактаби миёна соли 1966 ба омузишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда, онро соли 1970 хатм намудааст. Дар давраи донишҷӯи таҳти сарварии мураббии хизматнишондодаи Иттиҳоди Шӯравӣ Коновалов В.В. машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони соли таваллуди 1968-1969 ҷои якумро ишғол намудааст. Фаъолияти кориашро соли 1970 дар мактаби миёнаи №7-и ноҳияи Мастчоҳ оғоз намудааст. Аз соли 1971 то соли 1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намуда, зимни хизмати ҳарбӣ  дар шаҳри Грозний таҳти сарварии мураббии хизматнишондода Флекс Кутсел машқу тамрин намуда, соли 1972 чемпиони кишвари Чеченистон гардидааст. Дар чемпионати Иттиҳоди Шӯравӣ байни варзишгарони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷои сеюмро ишғол намуда, унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро комъёб мегардад.

Корномаи ҳаётиву варзишӣ ва касбиаш саршори ҳамаи суханҳои нек мебошанд. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд буда, як нафар фарзандаш Мадазимов Алишер — номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва касби падариро пеша намуда, мураббии гуштини тарзи озодро ба ӯҳда дорад.

Шогирдонаш дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, чемпионати Осиё ва чемпионати ҷаҳон иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Шогирдон Ҷӯраев Зариф, Турсунбоев Раҳим ва Қодиров Асатулло Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд, соли 1994 шогирди ӯ Мадаюбов Рустам дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида буд, ба гирифтани ҷои 3-юм мушарраф гардид.

Мадазимов Тухтақул дар тӯли фаъолияти кориаш 1-нафар «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», 3-нафар «Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ”, 4-нафар «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  даҳҳо нафар «Номзади Устоди варзиш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо нафар варзишгарони дараҷаи I-варзишӣ тайёр намудааст.

Дар идомаи баргузории мусобиқа иттилоъ медиҳем, ки он тибқи талабот ва қоидаҳои пешбининамудаи Федератсияи байналмилалии гӯштин роҳандозӣ гардид.

Ба оғози расмии мусобиқаи мазкур ва шодбошии меҳмонону варзишгарони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовинони Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, собиқадорони меҳнат ташриф оварданд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронӣ ташкил ва баргузории мусобиқаро муҳим дониста, онҳоро шодбош намуда, ба варзишгарон барору комъёбиҳо таманно намуданд.

Бо нишони эҳтиром ба хизматҳои арзанда Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Тухтақул Мадазимов бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода барои таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоса ба соҳаи варзиши ноҳия, Номаи миннатдории аҳли варзишгарони ноҳия супурда шуд.

Санаҳои 22-23 ноябри соли равон толори варзишгоҳи МД “Мактаби варзишии №1”, воқеъ дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон ба як муҳити хурсандиву нишот табдил гашта, мухлисон ва ҳаводорони ин намуди маъмули варзиш бо таассуротҳои хотирмон баргаштанд. Дар маҷмӯъ, ҷойи якумро 13-нафар, ҷойи дуюмро 13-нафар ва ҷойи сеюмро -26 нафар соҳиб гаштанд.

 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.