Тими Шайдон Ҷоми раиси ноҳияро соҳиб шуд

 736 боздид

Тими ҷамоати шаҳраки Шайдон дар мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол бо гирифтани ҷои якум барандаи Ҷоми раиси ноҳияи Ашт ва Федератсияи футболи ноҳия гардид.

Дар ин бора аз Федератсияи футболи ноҳияи Ашт иттилоъ дода гуфтанд, дастаи ҷамоати деҳоти Ошоба ҷои дуюм ва футболбозони ҷамоати деҳоти Ориён ҷои сеюми мусобиқаро ба даст оварданд.

-Мақсад аз баргузории мусобиқа муайян кардани дастаи беҳтарини ноҳия оид ба футбол, омода кардани тими ноҳия ба мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ва мустаҳкам кардани робитаи дӯстӣ байни ҷавонон аст гуфт,-Шараф Дадоматов, муовини Федератсияи футболи ноҳия.

Хотирасон менамоем, ки  мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол дар варзишгоҳи марказии ба номи М. Воҳидови ноҳия аз 2 то 6 марти соли равон гузаронида шуд. Дар он 16 дастаи футболбозон аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия байни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом доданд.

Дар охир ба дастаҳои ғолиб тӯҳфаҳои хотиротӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.