Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолияти давлатии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Пешрафти нав ба наву дастовардҳои кишвар бархе аз нотавонбинонро, ки қалби сиёҳу нопок доранд, бо иборае “маҷруҳ” кардааст.
Ин афроди бадбину бадсиришт барои фитна ангехтан байни мардумони ваҳдатошнои кишвар, бо ҳар роҳу баҳонаҳо фитнаву моҷаро, буҳтонҳои бедалел паҳн месозанд.
Аммо хушбахтона халқи босаводу бомаърифати тоҷик маданияти ба худ хосро дорост, фирефтаи ин туҳматҳо нагашта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки оромиву осоиштагии ин сарзаини биҳиштосоро таъмин созад.
Қаламкашони закии Ватан бо хомаи хеш ваҳдату сарсабзии ин марзу бумро талқин медиҳанд:
Тоҷикистон сарзамини бихрадон,
Тоҷикистон меҳани ҷовиди мо.
Хуни ту ҷорист аз шарёни ман,
Ҳастиятро мепарастам чун худо…
Кӯрдилони бехотир имрӯзҳо сафсатаҳои беҳуда мезананд ва танҳо ноодаме, ки имону динашу мазҳабашро фурӯхтааст, пойбанди ин дасисаҳо мешавад. Инсонро на аз дин, балки аз қалбаш мешиносаду баҳо медиҳад, ки куффор аст ё мусалмон.
Дӯстон, ибодат ба оллоҳ, намозгузорӣ ин фитнаангезӣ нест. Ибодати оне мақбули яздон мешавад, ки дилу нияти пок дорад ва танҳо ба хотири сиҳатӣ, ободӣ ,оромӣ ва субот, тинҷиву осоиштагӣ даст бар дуо бардорад.
Беватан асту орфурӯш диндоре, ки нону оби Ватан хӯрдаву куфри он мекунад!
С. Садуллоева, мушовири шуъбаи маорифи нохияи Ашт