ТӮҲФА ДАР РӮЗИ ТАВЛИДИ ТЕМИРБЕК ( 8 ИЮЛ—РӮЗИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН)

 572 боздид

Фарзандро меваи умр мегӯянд. Барои волидон фарзанд чӣ солим ва чӣ маъюб ҳамеша азиз аст. Ҳар нафар мехоҳад, аввалан фарзандаш солиму саломат бошад, аммо агар чунин ҳадяро тақдир барояш насиб нагардонид ва бо сабабе фарзанди носолим ба дунё омад, чӣ илоҷ?
Як пораи қалби модару умеди ояндаи падар аст фарзанд.
Навбаҳор Ҳамроқулова, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ифтихор, соҳиби чор фарзанд аст. Ҳамроҳи шавҳараш бо меҳнати ҳалол фарзандони худро ба воя мерасонанд. Аммо тақдир нисбаташ сахтгирӣ намуд ва яке аз фарзандонаш—Темирбек маъюб дида ба олам кушод. Санаи 8 июл, яъне имрӯз ӯ чордаҳсола шуд. Чордаҳ сол аст, ки волидонаш ӯро бо ноз мепарваранд, бо муҳаббати хосаву меҳри гарм муносибат мекунанд, то аз дигарон фарқ карданашро камтар эҳсос кунад.
Эҳсоси дардовари модаре, ки фарзанди носолим дорад, на ба ҳама шинос аст: шабҳои бедорхобӣ, хориҳо вақте ҳамсолони фарзанди маъюбат пойи равон доранду такягоҳи волидон мешаванд, мактаб мераванд, ояндаашонро интихоб мекунанд.
Аммо Навбаҳор ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нест, медонад, ки имрӯз барои насли имконияташ маҳдуд низ касбу кори мувофиқу манфиатовар ҳаст. Ӯ баробари ҳамсараш бори зиндагиро мекашад, вақти холигӣ, ки ёфт, бо коре андармон мешавад. Ҳатто бо он ки тарбияи фарзанди маъюбро ба уҳда дорад, барои дар хонаҳои ҳамсояҳо меҳнат карда ба рӯзгораш манфиате овардан вақту имкон меёбад.
Тавре мудири шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаи назди МИҲД-и ноҳия К.Самиев қайд намуд, шуъбаашон Темирбекро бо дарси хонагӣ фаро гирифтааст ва корманди шуъба Майрамбибӣ Соҳибова пайваста ӯро хабар мегирад. Модари Темирбек—Навбаҳор ҳамеша аз пайи саломатии фарзанди хеш аст.
Баъди калонтар шудани Темирбек табиист, ки модар барои нигоҳубинаш душворӣ мекашид. Ин буд, ки қарор кард, ба МИҲД-и ноҳия ҷиҳати харидории аробачаи маъюбӣ муроҷиат намояд. Ҳамин тавр ҳам кард, санаи 6 январи соли равон аризаашро ба масъулин навишт. Ва санаи 8 январ аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳияи Ашт ба дархост ба сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и вилояти Суғд ирсол карда шуд. Инак, дар арафаи зодрӯзи Темирбек—санаи 6 июл аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.
Дар рӯзи тавлиди Темирбек муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, мудири шуъбаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар хонаи назди МИҲД-и ноҳия К.Самиев, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳия Муродҷон Муминов ба дидорбинии соҳибҷашн омаданд ва туҳфаи деринтизорашро барояш ҳадя карданд.
Темирбек бо нигоҳ бозгӯ намуд ҳама ҳарфу ҳиҷои сипосмандиашро. Бо нигоҳ арз кард, ки яке аз орзуҳош амалӣ гаштанд, бо нигоҳ гуфт, ки кори модари муштипараш як каме бошад ҳам, осонтар шуд. Бо нигоҳ гуфт, агар солим мебудам, ин замон такягоҳи волидонам мешудам… Бо нигоҳ…
Барои модари муштипар қувваву нерӯ, барои падари заҳматкаш сабр, барои Темирбек иродаи қавӣ ва расидан ба ҳамаи орзуҳошро таманно мекунем.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.