Туҳфаи Раиси вилоят ба ятимони кулл

 746 боздид

Имрӯз, 31 августи соли ҷорӣ муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, туҳфаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ду нафар ятими кулл тақдим намуд.

Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Туҳфаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи дониш тақдим намуда, онҳоро аз номи Раиси вилоят ва Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи Рӯзи дониш табрик намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 22 ятимони кулл зиндагӣ ба сар мебаранд, ки дар ҳар иду ҷашнҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аёдат карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.