Турсунбибӣ Одибоева: Мақсади ман ободкориву созандагист

 742 боздид

Турсунбибӣ Одибоева сокини 76 солаи Ҷамоати деҳоти Понғоз маҳаллаи Бобобархон буда, нафақахӯр аст, маблағи аз нафақахӯрӣ ҷамъовардаи худро барои ободу зебо гардондани пули деҳа тақдим намуд.

Турсунбибӣ Одибоева соҳиби ҳафт нафар фарзанд аст ва 18 сол боз нафақахӯр мебошад. Шавҳараш Одибоев Масобир соли 2002  дар синии 63 -солагӣ вафот кардааст.

Тавре ба мо Фирӯз Одибоев фарзанди хурдии Турсунбибӣ Одибоева иттилоъ дод, мақсади модарам ин ободу зебо дидани диёри зебоманзарамон Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, ба мо таъкид карданд, пули нафақаашонро барои таъмиру азнавсозии пули деҳа, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷа мепайвандад, масраф намоем. Чандин сол мешавад, ки бар асари омадани сел ин пул барои гузаштани мошинҳо хатарнок шуда буд. Модарам, ки ҳамарӯза ин ҳолатро медиданд, барои ҳамин пули нафақаашонро барои аз нав сохтани ин пул тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дарозии пул 13 метр буда, бараш наздик 5 метрро ташкил медиҳад. Маблағи умумӣ барои аз нав сохтани пул наздик 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол корҳо бо суръат ҷараён дошта, масъулин ният доранд дар муддати кӯтоҳтарин ин пулро мавриди истифода қарор диҳанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.