ВАТАН: ШАБИ МИЛОДИ РОҒУНАТ МУБОРАК!

 540 боздид

Ватан эҳсони бечунат муборак!

Сууди Вахшу Ҷайҳунат муборак!

Ҳумоюн бод ин сола маҳи нур,

Шаби милоди роғунат муборак!

Нуралӣ Нурзод

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯзе аст, ки Тоҷикистонро ба яке аз се ҳадафи асосӣ-ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Ин рӯзи таърихиро бо раҳнамоиии Пешвои миллат тамоми халқи тоҷик солҳои зиёд интизор буданд. Дар таҷлил аз Рӯзи Президент ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НБО Роғун туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба тамоми мардуми тоҷик аст. То ин рӯзи деринтизор ҳамагӣ ду рӯз боқӣ монд.

Мардуми кишвар шоиҳиди он буданд, ки моҳи октябри соли 2016 Пешвои миллат худ сарбанди  роҳи оби нерӯгоҳро дар дарёи Вахш зиёда аз якуним соат бастанд ва ба идомаи корҳои сохтмонии Роғун вусъати тоза бахшиданд. Сарбанди нерӯгоҳи барқии обии Роғун бо баландии 335 метр баландтарин нерӯгоҳ дар ҷаҳон хоҳад шуд. Роғун бо шаш турбинаҳои 600 мегаватӣ ва тавоноии 3600 мегават дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Боиси сарфарозист, ки дар шароити бисёр ҳам мушкили иқтисодӣ ин иншооти азими аср мавриди истифода қарор мегирад ва ба ғанӣ гаштани иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

НБО Роғун Тоҷикистонро байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил медиҳад. Муҳим аз ҳама, кишвари азизамон нурборон мешавад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол 16-уми ноябр истиқлолияти энергетикиро низ ба даст меорад. Барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон басо мондагор аст.

Халқи заҳматкаши тоҷик бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати шабонарӯзӣ ва ҷалби сохтмончиёну муттахассисони баландихтисос НБО Роғунро бунёд карда истодаанд, то ки ба соли нурборони Ватан бирасанд.

Исмол соли нур аст,

Соли пур аз сурур аст.

Чашми ҳасуд кур аст,

Аз иттиҳоди тоҷик.

Роғун рамзи рушноӣ, оромӣ, осудагӣ, ободӣ ва нангу номуси ҳар як фарди халқи  тоҷик аст. Роғун сарчашмаи нур барои фардои дурахшони Тоҷикистони азиз аст!

Расидан ба ин рӯзи деринтизору таърихӣ ба ҳама ҳамватанон муборак!

                                                                                                                        Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.