Вокуниш оиди вазъи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ва муносибатьои ҳамсоягарй вобаста ба истилоҳ (дастамро диҳ ам олинҷамро қапиданд…)

 887 боздид

Ҳамсоя ба ҳабиби Худо баробар
Аз аввалҳои соле ки Тоҷикистон мустақилияти худро расман эълон кард ва зиёда 150 давлати дунё инро эътироф карданд, ҳамаи давлатҳои дунё мехостан бо ин кишвари кучак ки ҳатто аз харитаи ҷаҳонӣ қариб буд баромада равад аз наздик муносибатҳои дипломатӣ барқарор намоянд чун Тоҷикистонро бо куҳҳои осмонбӯсаш ҳамагон мешиносанд. Ба ин монанд яке аз ҳамсоягони мо низ ки Қирғизистон ном дорад мустақилияти моро низ қабул кард ва аз аввалин рузҳои мустақил шудан, ҳамсояи худро дар ҳама соҳа дастгири мекард… Ва бо гузашти вақт дар ин мобайн, сафарҳои кори раисҷумурӣ эҳар ду ҳамсоя давлат байни кишварҳои худ оғози дустӣ ва ба имзо расидани даҳҳо созишномаҳо байни ду давлати ҳамсоя буд…
Ҳамсояҳои хатарнок
«14 сентябр, иттилооте ба даст омада буд, ки» дар қисмати шарҳи сарҳади давлатӣ, ки дар он деҳаи Мақсатаи ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканд бо деҳаи Овчи-Қалачи Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба сохтмони иншооти низомӣ шурӯъ карданд. » Аммо тасдиқи расмӣ дар бораи он, ки бинои сохташаванда бо ҳадафи низомӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ нашудааст. Аммо, тибқи мушоҳидаҳои сокинони маҳаллӣ, хулоса худи ҳаминро нишон медиҳад. «Аҳолии маҳаллӣ аз он норозӣ ҳастанд, ки ҳамсоягон ӯҳдадориҳои дуҷонибаро ҷиҳати пешгирии сохтмони қисматҳои ҳамоҳангнашудаи сарҳад иҷро намекунанд.»
Чунин маълумот дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон пайдо шуд, ки ҷониби Тоҷикистонро дар вайрон кардани созиш айбдор мекунад. Зиёда аз 10 сол қабл, Қирғизистон ва Тоҷикистон шартномаеро имзо карданд, ки дар қисматҳои номаълуми сарҳади давлатӣ сохтмон сурат намегирад. Аммо дар тӯли тамоми ин солҳо, ҳарду ҷониб нисбати якдигар оид ба риоя накардани ин қарордодҳо изҳорот доданд. Ҳар дафъа як тирандозии шифоҳӣ ба сангборон табдил меёбад ва сипас силоҳи оташфишон истифода мешавад, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ мемиранд. Шумо аллакай то чанд баҳс мекунед? Тибқи хиради халқии тоҷик: «Ҳамсоя бо Худо баробар аст.» Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки чунин муносибат бо ҳамсоягонро ҷониби қирғиз на танҳо ба мо тоҷикҳо, балки ӯзбекҳо низ раво дида истодаанд ва ҳамин худ гувоҳ аст, ки дар ин низоъ ва муноқишаҳо айби кист.

Мор газида аз ранги сиёьу сафед метарсад
— чи тавре ки аз сомонаьои интернетц (ба монанди Фейсбук Ютуб, Однокласники. Вконтакте ва щайраьо) ва расонаьои хабарии ватанию хорижц албатта дар расонаьои ватанц (аввал таьлил карада баъд вазъи ьодисаро шарь медиьанд) ба ьамагон маълум аст, ки вазъияти сарьади Тожикистон ва Ыирщизистон ноором аст. Бино ба иттилоотьои аз сомонаьои интернетц дастрас гардида, ьар гуна навореро дидан ва мушоьида кардан мумкин аст, ки вазъи кунунии сарьад дар чи ьол ыарор дорад! Ьоло он ки аьолии муыимии назди сарьад дар чи ьол ыарор доранд ва чи хел зиндагц карда истодаанд, ин таньо ба Худо аён аст.
Ин муноыишаи байни сарьадии Тожикистону Ыирщизистон то он онже ба ьамагон маълум аст, аз аввали соли 2019 ощоз гардида буд, гарчанде ин баьси сарьадц пеш аз ин ьам буд вале акнун ин баьс то ба он жое расид ки муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16 сентябр ба амал омад, бори дигар собит сохт, ки гуруҳҳои манфиатхоҳ ва иғвогар аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳамоно хостори оромиву субот дар минтақаи марзӣ нестанд ва тавассути ҳар гуна ҳангомаву иғво мехоҳанд душманӣ эҷод намуда, ҳатто даст ба қатлу куштор зананд. Мақомоти Тоҷикистон расман эълон доштанд, ки бар асари ҳамлаи навбатии ҷониби Қирзистон, ки дар он дасти марзбонони ин кишвар ҳаст, подполковник Рустам Убайдуллоев ва сарбозони қаторӣ Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов кушта шуданд.
Давлат ба чи ыарор омад. Оё созишномаьо ыувва доранд..
Дар аввалин фурсат маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳорот дод, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ кардаанд, ки амали мазкур сабаби норозигии мардуми Ҷамоати Овчӣ- Қалъача гардидааст. Расман дар изҳороти мазкур таъкид шуд, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карда.

Натижа ….
Итминони комил дорем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин муноқишаро ба зудӣ бартараф намуда, он сулҳу суботе, ки бо хуниҷон ба даст омадааст нигоҳ медоранд. Мо ба сиёсати хирадмандонаи сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон боварии комил дорем ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Валиев Рашид ва аҳли ҷомеъаи омӯгорони МТМУ №2

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.