Абдуманнон ту бачаи хело закӣ, боақл будӣ, аммо чӣ шуд, ки ба доми фиребгароне афтода, тарзи ҳаётатро дигар намудӣ. Баъди ҳизби террористӣ эълон шудани ҲНИ мебоист фаъолияти ҳизбии худро қатъ намуда, барои ободии диёри азиз ҳиссагузор мешудӣ. Аммо, ҳайҳот ҳоло ба зану фарзандонат дар хориҷи кишвар қарор дорӣ. Дар масали халқӣ мегӯянд, ки «Ҷӯгӣ дар ватани худ қадаш 40-газ аст». Наход диёри худро дӯст надорӣ? Наход меҳри Ватан аз дилат тамоман рафта бошад?.
Ҳоло ҳам, саривақт аст, аз кардаат пушаймон шуда, роҳи диёратро пеш гир.
Ман ҳамчун муаллим ва устод ба ту Абдуманнон муроҷиат карда, гуфтаниам, он иқдоме, ки ту гирифтаӣ ғалат аст. Ба тамоми мардум суҳбат мекунем, ҳамаи онҳо ин сухани маро тарафдор ҳастанд.
Он бародароне, ки аъзои ҲНИ буданд, ҳама баргаштанд, осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд.
Лозим шавад, ба шаҳрҳои Россия сафар карда, боз омада, зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Насибалӣ, Некрӯз, Эркин, Ашуралӣ, Муродҷон, Идибек ва боз нафарони зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки ба даъвати Пешвои миллат гӯш андохта, ба диёрашон баргашта, осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Маҳдудияти барқ бардошта шуда, ҳама ҷой чароғон аст.
Бинобар ин, даъватат мекунам, ба ваъдаи онҳое, ки гумроҳ шуда, ба Ватан хиёнат карда, аз хориҷи кишвар истода, ба халқу миллати худ санг мепартоянд, бовар накарда, роҳи Ватани худро пеш гир. Ман аминам, ки оғӯши Ватан барои ту боз аст. Чӣ қадар дар мусофират гардӣ, ғарибӣ. Биёю Ватани худро обод кун. Худат медонӣ, ки Расули Худо фармудаанд; «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».
Ба гӯшам мерасад, ки дар интернетҳо ҳар хел хабарҳоро, ки дар ҳаққи Ватан туҳмат аст, дарҷ менамоянд. Ба ин кор даст задан дар ҳаққи Ватан, миллат хиёнат аст.
Чуноне, ки бузургон мегӯянд;
Мадад маталаб, зи дасти ғайр,
Зи дасти ғайр наояд хайр.
Ниёзов Ҷ.