Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Понғоз вохӯриҳои навбатии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ идома ёфт.
Вохӯриҳо ҷиҳати шиносоӣ бо барномаи пешазинтихоботии номзад бо иштироки аҳли ҷамоат дар тӯйхонаи “Шаҳзод”-и маркази ҷамоат, клуби деҳаи Саро ва тӯйхонаи “Муродҷон”-и деҳаи Бободархон баргузор шуданд.
Шарҳи ҳол ва нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Баҳриддин Зиёӣ аз ҷониби шахси боэътимодаш З.Мамадҷонов бозгӯ карда шуд. Тасмими номзад ҷиҳати идомаи бунёд ва сохтмони хатти баландшиддати 35 кВ-и Шайдон—Понғоз, азнавсозӣ ва таъмири роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд—Шайдон, таъмиру азнавсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз ҷониби ширкаткунандагон гарму самимӣ дастгирӣ ёфт.
Баҳриддин Зиёӣ аввалан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эътимод зоҳир намуданашон арзи эҳтиромашро расонд. Сониян қайд кард, ки барои сазовор будан ба эътимоди мардум, иҷрои нуктаҳои дар барномаи пешазинтихоботӣ дарҷгардида, то қадри имкон кӯмаки хешро дареғ надоштан ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи азизаш кӯшиш хоҳад кард.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сокинони шарафманди ҷамоати деҳоти Понғоз дар интихобот фаъолона ширкат варзида, амалӣ шудани нуктаҳои созандаву бунёдкоронаи дар барномаи номзад пешниҳодшударо бо овози худ дастгирӣ хоҳанд кард.
Раиси ноҳия Зариф Мирдадо гуфт, вазифаи ҳар яки мо ин аввалан бо сари баланду умед ба ояндаи неки меҳан ширкат намудан дар интихоботи пешистода аст. Бояд ҳар як сокини ноҳия барои интихоби зиндагии хуши оянд, интихоби вакили пазируфтааш овоз диҳад. Бетарафӣ нисбати ин маъракаи муҳим бетарафӣ нисбати тақдиру ояндаи аҳли оила, пайвандон, маҳаллаву деҳа, ноҳия ва билохир Тоҷикистон аст.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари баланди барои ҳар нафар дастрас табдил ёфтааст, ки ҳар шахс метавонад, ақидаву андешаҳояшро бозгӯ намояд. Бахусус, паҳн намудани мақсаду марому ақоиди ифротгароёна боиси ташвиш аст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, пайваста рафтору кирдору гуфтори фарзандону пайвандонро таҳти назар гирем, бепарво набошем. Бахусус, дар ин лаҳзаву рӯзҳои ҳассоси пешазинтихоботӣ сар бардоштани гурӯҳҳои ифротгаро бояд ҳар нафари ватандӯстро ҳушдор диҳад, ки ҷиҳати таъмини амният баробари масъулини мақомоти қудратӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар анҷоми вохӯриҳо фаъолону намояндагони аҳли ҷамоат дар самти иштироки фаъолона, дастгирии номзад андешаҳои худро бозгӯ намуданд.
Т.МИСРОБӢ