Имрӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ва прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Каримзода Тоҷиддин Хӯҷа доир ба масъалаҳои рафти иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, арзъёбии фаъолияти комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 9 — комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 102 — комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ташкилоту муассисаҳо, нақши ходимони дин дар иҷро ва амалияи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, ҳамзамон масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ сатру ҳиҷоб, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни аҳолӣ дар самти зоҳирпарастӣ, фаъолгардонии фаъолият ҷиҳати иҷрои самараноки талаботҳои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар заминаи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон”, Протоколи ҷаласаи кории назди Раиси вилояти Суғд аз 12.02.2026 дар ин бора ва дигар масъалаҳои марбут, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи машваратӣ роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳайати роҳбарикунандаи ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт ва нозирони минтақавӣ, сармутахассисони танзими ҷамоатҳо, сархатиб ва ходимони дин, раисони комиссияи ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва ғайра иштирок намуданд.
Прокурори ноҳияи Ашт, мушовири адлияи дараҷаи 1 Каримзода Тоҷиддин Хӯҷа дар бобати риоя ва иҷрои ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти комиссияи доимии ноҳиявӣ, комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, интихоби дурусти кадрҳо дар вазифаҳои танзими ҷамоатҳо, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузориҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳои марбут суханронӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок масъулонро муваззаф намуданд.
Дар ин бора, зимнан оид ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Турсунзода Бахтиёр шунида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи машваратӣ як қатор фаъолон — Муҳаммадзода Зафар, Муссоев Абдулбақо, Ниёзмуҳаммади Иброҳим ва Саидов Ғолибҷон доир ба масъалаҳои болозикр фикру андешаронӣ намуда, пешниҳодҳо намуданд.
Дар фарҷом, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рӯи масъалаҳои матраҳгардида, таъмини фаъолияти босамари кориву хизматӣ ва ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳо ва вазифагузорӣ намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ